Машварати кории Роҳбари МИҲД-и ноҳия бо кормандони комиссариати ҳарбӣ

 214 боздид

Имрӯз, 27 август, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт машварати кории Роҳбари МИҲД-и ноҳия бо кормандони коммисариати ҳарбии ноҳия, ҷиҳати даъвати тирамоҳии шаҳрвандони соли таваллудашон 1991-2000 баргузор гардид.

Сулмонзода Қурбоналӣ, майор, Комиссари ҳарбии ноҳия дар баромади худ зикр дошт, ки корҳои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз санаи ба имзо расидани Қарори Раиси ноҳия оғоз гашта, то ҳол идома дорад. Инчунин корҳои тарбиявии ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар байни ҷавонон, омӯзиши хона ба хонаи даъватшавандагоне, ки дар ҳудуди ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия мебошанд гузаронида шуда истодааст.

Маҳмудзода Ҷамшед, муовини Раиси ноҳия оид ба масоили иқтисодӣ аз натиҷаи таъмини даъватшавандагон ба комиссариати ҳарбии ноҳиия маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷиҳати суст ба роҳ мондани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонони соли таваллудашон 1991-2000-и Ҷамотҳои деҳоти Понғоз ва Шодоба изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин дастуру супориш дод, то дар кутоҳтарин фурсат, мушкилиҳои ҷойдошта бартарф карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз аз тарафи масъулини ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия ба комиссариати ҳарбӣ 93 нафар ҷавонписарони синни даъватӣ ҳозир карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки нақшаи таъмини ҷавонписарони синни даъватӣ ба ноҳияи Ашт, имсол179 нафарро ташкил медиҳад. Соли сипаришуда, дар даъвати тирамоҳӣ 100 нафар ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта буданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *