МАШВАРАТИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ШУД

 404 боздид

Дирӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳия машварати назди Раиси ноҳия барпо гардид.

Муовини аввали Раиси ноҳия Қ.Расулзода оид ба вазъи кишоварзӣ маълумот дод. Қайд карда шуд, то ин вақт аз 10 ҳ.27 гектар замин дар ҳудуди 9 ҳ. 344 гектараш шудгор ба анҷом расидааст, ки 93 дарсадро ташкил медиҳад. То 1 марти соли равон маъракаи шудгоркунӣ ва то санаи 10-уми март кишти картошкаи  барвақтӣ анҷом меёбад.

Пойгоҳҳои обкашии ноҳия низ санаи  1 март ба фаъолият пурра омода хоҳанд шуд. Раиси ноҳия ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои агротехникӣ, аз ғӯзапоя тоза намудани баъзе аз ҳудудҳои майдонҳои пахта, коркарди байни қаторҳо, шинонидани ниҳолҳо ва билохир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба тозагиву ободии гирду атрофи заминҳо ва ду ҷониби роҳи мошингард супоришҳо дод.

Муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода вазъи омодагии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро ҷиҳати маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ шарҳ дод. Тибқи нақша то моҳи март бояд 140 нафар ҷавонписарон омода мешуданд, ки аз ин миқдор то айни замон 68 нафар номнавис шудаанд. Аз ин миқдор 22 нафарашон тариқи ихтиёрӣ омодаи хизмати ҳарбӣ ҳастанд. Дар ин самт фаъолияти сусти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Ифтихор ва Понғоз бозгӯ карда шуд. Ҷамоати деҳоти Пунукро пешқадам арзёбӣ намуданд.

Ҷамшед Маҳмудзода ҳамчунин дар бораи вазъи иҷрои нақшаи андоз сухан гуфт.

—То имрӯз 37 фисади нақша иҷро шудааст, аммо чун охири моҳ аст, эътимод ҳаст, ки нақшаи андоз тибқи нақша иҷро карда мешавад,—гуфт ӯ.

Ҷиҳати омодагиҳо ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба истифода супоридани иншоотҳоро бозгӯ намуданд. Раиси ноҳия таъкид намуд, корро дар ин самт бояд вусъат дод. Дар ин амал ба ҳеҷ ваҷҳ набояд бетарафӣ ва бемасъулиятӣ зоҳир карда шавад.

Аз ҷониби сарвари ноҳия масъулини соҳаҳои маориф, фарҳанг ва ВАО дар самти насби камераҳои назоратӣ, беҳбудӣ бахшидан ба чорабиниҳои фарҳангӣ, омодагии комил ба чорабиниҳо ҷиҳати таҷлили 80-солагии яке аз фарзандони арзанда кишвар, зодаи ноҳияи Ашт Нурулло Ҳувайдуллоев,  инъикоси воқеъбинонаи чорабиниҳои сатҳи ноҳия дастур гирифтанд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ҳамчунин ҷиҳати муташаккилонаву фаъолона гузаронидани маъракаи интихоботи пешистода, эҳсоси масъулият баҳри дар фазои амният доир гаштани он супоришҳои мушаххас дод.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.