Имрӯз дар доираи нақшачорабинии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия дар доираи чорабинии як моҳи ҷавонӣ, сафари ҷавонони манотиқи ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» доир гардид.
Сафари ҷавонони ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ашт аз 18 то 20 майи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда,
меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳияи Ашт Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ашт, ҷавонони ноҳия бо як шукуҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифтанд.
Шоми имрӯз дар назди театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Шоми ҷавонӣ баргузор гардид.