МИЛОД МУБОРАК, ҚАҲРАМОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

 189 боздид

Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз шукӯҳи идона танинандоз аст, зеро се ҷашнвораи бузурги таърихӣ-Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи мавлуди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рӯзи иди касбии омӯзгорон дар сатҳи олӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар майдони сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллатро ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадманд, закиву борикбин, саховатпешаву кордон, ҷасуру хушгуфтор пазируфтанд.

Мактаби мардонагӣ ва сулҳоварии Пешвои муаззами миллатро тамоми аҳли олам қадр менамоянд ва пайкорашонро намунаи ибрат медонанд.

Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард.

Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва ба пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Хизматҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз намудани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои ҷаҳониашон муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд.

Нақши таърихии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини Истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани сулҳу суботи саросарию Ваҳдати миллӣ  ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ баръало зоҳир ва дар таърихи навини ҷумҳурӣ бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.

Пешвои миллат ба савганди худ ба мардуми Тоҷикистон, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ва «Гурезаи охиринро ба Ватан бармегардонам!» содиқ монданд ва ин савгандро воқеан ҳам дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро намуданд

Мо — мардуми сарбаланди Ашт бо  шукргузорӣ аз зиндагии осоишта ва шоиста ба Шумо, муҳтарам Пешвои муаззами миллат, ки дар саховат болотар аз Ҳотам, дар адлу хирад бузургтар аз Нушервон ҳастед таманно мекунем, ки бо саодату сарбаландӣ то ҷовидонҳо раҳбару раҳнамои миллати тоҷик бошед.

Зодруз фархуда бод, Пешвои муаззами миллат!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.