Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ

Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ 25 декабри соли 1973 дар ноҳияи Ашт таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Баъди хатми мактаби миёна, соли 1995 Донишгоҳи техникии Қирғизистон дар шаҳри Бишкекро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм намуда, фаъолияти меҳнатияшро соли 1995 ба ҳайси устои сехи истеҳсолии комбинати косервабарории шаҳри Бишкек оғоз намудааст.

Аз соли 1996 то 2000 устои сехи истеҳсолии заводи косервабарории ноҳияи Ашт, аз соли 2000 то 2003 сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳия, аз соли 2003 то 2006 мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳия, аз соли 2006 то 2013 мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, аз соли 2013 то 2016 сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд адои вазифа намудааст. Аз 8 ноябри соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №733 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт таъин гардидааст. Забони русӣ ва ӯзбекиро медонад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.