Мирдадо Зариф: Талошҳои худро барои ояндаи неки Тоҷикистон сарф намоед

 989 боздид

8-уми феврали соли равон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ дар истироҳатгоҳи ба номи 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ҷ.Расулов бо донишҷӯёни фаъол доир гардид.

Дар вохӯрӣ Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ суханронӣ намуда гуфт: “Эълони соли 2017 Соли ҷавонон ин ғамхории навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Шумо ҷавонон аст. Ҷавонӣ давраи пешрафт, омӯхтани касбу дониш ва мустаҳкам сохтани мавқеи худ дар ҷомеа мебошад. Шумо, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа ҳастед, ҳама талошҳои худро барои ояндаи нек ва дурахшони Тоҷикистони азиз сарф намоед. Аз шомил шудан ба равияҳои тундгаро, ки оқибат ба пушаймонӣ меорад худдорӣ намуда, аз ҳама он имкониятҳое, ки доред истифода баред  ва муттахассиси кордон гардед”.

Дар ин вохӯрӣ донишҷӯёни фаъол аз ноҳияи Ашт низ иштирок намуда, гуфтанд баъди хатми донишгоҳ барои пешбурди соҳоти гуногуни ноҳия саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.