МОДАР ФАРИШТАТАР ЗИ ТАМОМИ ФАРИШТАҲО (Таҷлили Рӯзи Модар)

 1 028 боздид

Имрӯз  дар МДВ театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов бо шукӯҳи хоса Рӯзи Модар таҷлил карда шуд.

Табрики Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро намояндаи МИҲД-и вилоят, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳ.К. ба самъи бонувони толор ва дар симои онҳо ба кулли модарони ноҳия расонид. Қайд намуд, чун зан ва баҳор бо ҳам тавъаманд, ҳарду зебову пурнақҳату сурурбахш, иди модарону бонувон низ ба оғози фасли нозанини сол—баҳор рост омадааст. Дар ситоиши зан-модар, ки офарандаи ҳаёти муқаддас, рӯшанибахши рӯзгорон, ҷон дар равонҳову роҳнамову роҳбалад дар роҳи пур аз шебу фарози зиндагист, ҳар чӣ қадар гӯем, кам аст. Васфи бузургиву шуҷоат ва муҳаббати ӯро наметавон анҷом бахшид.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо як ҷаҳон самимияту эҳтироми хоса ва ибрози таманниёти нек модарони меҳрубонро таҳният гуфт. Қайд карда шуд, ки зан беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарват аст. Имрӯз бонувони мо ҳамчун ободгари марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ ворид шудаанд.

Зан-Модар  тарбиятгари насли ояндасоз, файзбахши рӯзу рӯзгор, моҳтоб дар шаби тору офтоб дар рӯзҳои сарди зиндагист. Пас, на танҳо дар ин рӯз, балки ҳама рӯзу ҳама соат бояд мавриди таваҷҷуҳу муҳаббати беандозаи пайвандонаш қарор гирад.

Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳо,

Номаш наҷотбахши камоли фариштаҳо.

Бо нури осмониву меҳри заминиаш,

Болотар аз шукӯҳу мақоми фариштаҳо.

Анҷоми табрики сарвари ноҳия бозгӯкунандаи муҳаббати самимӣ буд: “Зан кист? Ҳамонест, ки агар гиёҳе офарида мешуд, гул буд. Агар парандае офарида мешуд, товус буд. Ӯ ҳамонест, ки бо ҳадяи гуле хушнуд ва сухани хуше табассум дар лабонаш гул мекунад.. Ӯ китобест, ки бобҳояш меҳр, муҳаббат ва меҳрубонист. Ӯ ҳамонест, ки сардиро мерабояду гармӣ мебахшад. Ӯ ҳамонест, ки унвони беҳамто дорад:Модар!

Пас месазад, ба модари наҷотбахши миллат ва тамоми модарон сари таъзим фурӯд орам!

Як қатор бонувони заҳматкаш ва собиқадорони ноҳия қадр шуданд. Аз ҷумла, Очилова Шаҳноза (корманди шуъбаи фарҳанги ноҳия)—бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сангинова Бибиойиша (корманди комиссариати ҳарбии ноҳия)—бо Ифтихорномаи Вазири мудофиаи ҶТ, Бегматова Шаҳло(директори китобхонаи марказии ноҳия)—бо Дипломи Вазорати фарҳанги ҶТ, Ҷамолова Фирӯза (корманди Маркази тарзи ташаккули ҳаёти солим)—бо Иитфхорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ, Шодиева Шаҳло (хонандаи литсейи №2)—бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва чанди дигар бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и ноҳия сарфароз гаштанд.

Баъдан ба ширкаткунандагон барномаи фарҳангии саршор аз васфи зан-модар бо пешниҳоди беҳтарин таронаву сурудҳои дилнавоз, рақсу арғуштҳои дилчасп, саҳнаҳои дилрас ва таманниёти дилпазир ҳадя карда шуд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.