Модари доно фарзанди тавоно тарбия мекунад

 862 боздид

Имрӯз, 2-уми марти соли ҷорӣ дар толори литсейи №2-и ноҳия бахшида ба Рӯзи модарон бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода ва мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳия Обода Каримӣ вохӯрии занони барӯманд бо хонандагони литсейи №2 баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ хонандагон дар васфи модар, баҳор ва Наврӯз шеърҳо қироат намуда, ҳамзамон рақсу сурудхонӣ карданд.

Дар идома Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода иштирокдоронро ба Рӯзи модарон ва ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ таҳният гуфта афзуд: “Модарон барои тарбияи фарзандон нақши калидӣ доранд. Модари доно дар ҷомеа фарзанди тавоноро тарбия менамояд, ки ҳамеша ба халқу Ватани худ содиқона хизмат мекунад”.

Мақсад аз вохӯрӣ эҳтиром нисбат ба волидон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва никоҳи хешутаборӣ, ҳамзамон баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон арзёбӣ гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.