МТИ-и ноҳия тариқи ҳашар бунёд мешавад

 878 боздид

15-уми июли соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, роҳбарони муассисаву ташкилотҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатманди ноҳия, тариқи ҳашар барои азнавсозии бинои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия хишти аввал гузошта шуд.

Зимни гузоштани хишти аввал барои бунёди бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ роҳбарияти ноҳия иброз дошт, ки мо бо ин амал барои мустаҳкам намудани дониши наслҳои оянда шароити мусоид муҳайё месозем. Дар бинои хуштарҳу замонавӣ ва бо техналогияҳои навтарин омӯхтани илму дониш фарзандони мову шуморо водор месозад, ки имкониятҳои мавҷударо хуб истифода намоянд ва барои рушди илм дар кишвар саҳм гузоранд.

Маркази таҳсилоти иловагӣ, кӣ дар ҷамоати шаҳраки Шайдон воқеъ аст, тариқи ҳашари дастаҷамъонаи сокинони ноҳия қомат меафрозад. Андозаи бинои мазкур 24 ба 12 метрро ташкил медиҳад. Он аз 2 ошёна, 5 ҳуҷра ва 2 толор иборат мебошад. Барои бунёди он 380 ҳазор сомонӣ маблағ масраф хоҳад шуд.

Хотирасон менамоем, ки Маркази таҳсилоти иловагӣ дар ноҳия то моҳи феврали соли 2002 амал мекард. Бар асари сӯхтор дар таърихи 19-уми феврали ҳамон сол як қисмати асосии бино нобуд мегардад, ки барои фаъолияти минбаъдаи он монеа пеш меорад. Имрӯзҳо бошад корҳои сохтмонӣ дар бинои МТИ-и ноҳия тариқи ҳашар бо сурат идома дорад.

Сайидои ШОДӢ,

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *