Муборизаи мо занҷирбанд ва доимӣ бошад

 701 боздид

Санаи 25 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстримистӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия оид ба масълаҳои иҷтимоӣ — фарҳангӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Ғаффорзода Нигора, мудири шуъба оид ба корҳои дин танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов, мудири шуъбаи маъмурӣ ҳуқуқӣ Туйчизода Темур, намояндагони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, раисони кумитаи маҳаллаҳо, ходимони дин ва ҷавонон иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин огоҳ намудани ҷавонон аз ҳар гуна таҳдидҳои зараровар аз ҷумла, таҳдидҳо бо роҳи шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, таҳдидҳо бо роҳи ҳуҷуми фарҳанги бегона, таъсиррасонӣ бо воситаи расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки барои насли наврас ва ҷавонон бисёр хатари ҷиддӣ дорад, маҳсуб меёбад.

Муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар баромади худ зикр дошт, мушкилоти ифротгароӣ ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра  табдил шудааст. Имрӯз ҳамагон барои бартарф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ин рӯ, муборизаи мо бояд занҷирбанд ва доимӣ бошад.

Султонзода Тоҷибой, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд дар баромади худ зикр дошт, дар самти боло бардоштани эҳсоси ватанпарастии насли наврас ва ҷавонон мо бояд аз фарҳангу адабиёти пурғановати худ бештар истифода барем. Образҳои мусбии шоҳасари “Шоҳнома”-и Аблуқосим Фирдавсӣ, ғазалу асарҳои безаволи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва дигарон, ки мояи ифтихор ҳастанд, идеали насли наврас ва ҷавонон бошанд.

Ғаффорзода Нигора, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд дар баромади худ иброз дошт, баҳри шикасти ғояҳои ифротӣ тавассути беҳтарин идея барои мо шаҳрвандон, ки аз ҷониби Пешвои миллат идеяи “Тоҷикистони соҳибистиқлол-Ватани ягонаи мо” пешниҳод шудааст, мубориза бояд бурд.

-Раванди ҷаҳонишавӣ, фарогир шудани иттилоот ва ҳатто муҳоҷирати меҳнатӣ сабаб шудааст, ки дар суннату анъанаҳои миллии мо кам –кам тағйирот ворид шавад. Воридшавии ин гуна  тағйирот ба бегонагии ҳувият оварда мерасонад, ки дар маҷмуъ шомилшавӣ ба амалҳои иртиҷоиро ба вуҷуд меорад, гуфт Суҳроб Рустамзода мудири шуъба оид ба корҳои дин танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и вилояти Суғд.

Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолон, зиёиён, ходимони дин ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия бетарф нашуда, бо дилу нияти нек, нангу номуси ватандорӣ, дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ дар деҳаву маҳалҳо корҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро боз ҳам вусъат диҳанд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.