Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи ваҳдат дар Меҳробод

 1 314 боздид

Имрӯз, 13-уми июн дар ҷамоати деҳоти Меҳробод мулоқоти гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ бо роҳбарии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода баргузор гардид.

Нахуст дар мулоқот Зинатулло Исмоилзода баромад намуда, сокинони ноҳияи Аштро ба 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳният гуфт ва ба онҳо зиндагии босаодат таманно кард. З. Исмоилзода иброз дошт: “Вақте мо соҳиби истиқлолият гардидем фазои ҷомеаи ҷаҳон дигаргун буд. Имсол, ки  дар осотонаи таҷлили 26-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, фазои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамоно пурпечутоб боқӣ мемонад. Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии худ тавонист мушкилоташро хуб ҳаллу фасл намояд. Барои ҳали мушкилиҳои Тоҷикистон нафаре лозим буд, ки ин кишварро саробонӣ кунад. Баъди ҷонбозиҳои зиёди роҳбари кишвар 20-сол муқаддам, яъне 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва роҳ барои бунёдкориву созандагӣ кушода шуд. Дар он солҳо расидан ба сулҳу ваҳдат осон набуд. Имрӯз мову шумо дар фазои ороми кишвар зиндагии осуда дорем ва аз дастовардҳои замони истиқлол ҳарф мезанем, аммо он вақт замоне буд, ки мо дар талоши як бурдаи нон будем”.

Дар идомаи баромади худ Зинатулло Исмоилзода аз барномаи “Хоки Ватан”-и радиои Тоҷикистон ёдовар гардид ва гуфт замоне буд, ки 1 миллон нафар ҳамватани мо дар давлати ҳамсояи Афғонистон гузера буданд. Барномаи “Хоки Ватан” кӯпруке миёни мардуми дур аз Ватан буд. Дар таърихи журналистикаи тоҷик он аз камтарин барномаҳое маҳсуб мешавад, ки миёни мардум маъруфияти зиёдро касб кардааст.

Дар давоми 20-соли ваҳдати миллӣ дар кишвар роҳҳо, нерӯгоҳҳо, донишгоҳо, ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони кишвар муҳайё гардид. Муҳимтар аз ҳама, мо соли 2016 истиқлолияти энергетикии кишварамонро таъмин намудем. Соли 2018 ду агрегати аввали НБО Роғун ба кор дароварда мешавад ва он барои рушди инфрасохторҳои гуногун дар кишвар мусоидат мекунад.

Дар мулоқот ҳамчунин Ҳабиб Сулаймонӣ, муовини директори Муассисаи давлатии нашриёти “Ирфон” ва Нодира Мирзодада, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояи Суғд баромад намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз чунин мулоқоти судманд дар ҷамоати деҳоти Понғоз низ бургузор гардид.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.