Мулоқот бо Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шан

 128 боздид

http://president.tj/node/16072

02.09.2017

Дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқотҳои судбахш анҷом доданд.

Дар шаҳри Пекин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шанро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон баҳои арзанда доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо иштирок ва маблағгузории ширкат дар Тоҷикистон лоиҳаҳои калони сохтмони роҳи байналмилалии “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” бо нақби Шаҳристон ва қисмати “Душанбе-Данғара”-и шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хорӯғ-Кулма-Қароқурум” бо нақби Чормағзак бо сифати ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин доир ба дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла дурнамои ҳамкорӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *