Мулоқот бо масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия

 979 боздид

Имрӯз, 21 ноябр роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо муттахассисони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо, раисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, оид ба рафти корҳои саҳроӣ ва тайёрии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нави соли 2018 мулоқот анҷом дод.

Роҳбарияти ноҳия масъулинро вазифадор кард, ки то санаи 1 декабр ғӯзапояҳоро ҷамъ намуда, шудгори заминҳои пахтаро дар фурсати кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.

Дар мулоқот ба раисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об супориш дода шуд то маблағи обро барои соли оянда пешпардохт намоянд.

Давоми рӯз роҳбарияти ноҳия аз рафти тайёрии пойгоҳҳои обкашӣ шинос гардид. Зимни боздид аз пойгоҳҳои обкашӣ раиси ноҳия супориш дод, ки лойи ба пойгоҳҳо ҷамъшуда тоза карда шаванд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.