Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент (ZTE), муассиси ширкат Хоу Вейгу

 651 боздид

http://president.tj/node/16073

02.09.2017

Дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент Зетеӣ (ZTE) Хоу Вейгу мулоқот карданд.

Зимни суҳбат масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

Ширкати Зетеӣ (ZTE) дар Тоҷикистон зиёда аз 20 сол фаъолият дорад ва намояндагони ширкат мақсад доранд оянда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кам кардани талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон ва ҳукумати электронӣ ҳамкориҳоро густариш диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ барои ҳамқадами рушди техникаю технологияи пешқадами ҷаҳонӣ будан ва амалӣ намудани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон басо муҳим аст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар дигар лоиҳаҳои ояндадори соҳа баррасӣ карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.