Мулоқот бо Роҳбари Ширкати Поли Технолоҷӣ Ван Синйе

 827 боздид

http://president.tj/node/16074

02.09.2017

Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ширкати Поли Технолоҷӣ Ван Синйе мулоқот карданд.

Дар ҷараёни суҳбат дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ ва масъалаҳои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути бунёди корхонаҳои муштарак баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати дарҳои боз барои ҷалби сармояи хориҷӣ фазои мусоиди сармоягузориро фароҳам овардааст ва Ширкати Поли Технолоҷӣ низ метавонад дар радифи дигар ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти судовар дошта бошад.

Роҳбарияти ширкат бо ҳавасмандӣ аз фазои мусоиди сармоягузорӣ бо итминон иброз доштанд, ки оянда корхонаҳои муштараки саноатии истихроҷу коркарди захираҳои моддӣ, дигар коргоҳҳои навро ба манфиати ҳар ду ҷониб бунёд менамоянд ва дар самти рушди технологияҳои коммуникатсионӣ, инчунин рушди дигар соҳаҳои ояндадор ҳамкорӣ менамоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.