МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ АССОСИАТСИЯҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

 446 боздид

 

Субҳи имрӯз дар толори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо сардорони Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, Сардор ва кормандони Раёсати кишоварзӣ ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия баргузор шуд.
Дар мулоқот оид ба дар муҳлатҳои муайянгардида омода ва ба кор андохтани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими навбатии кишту кор, пардохти саривақтии андоз ба буҷаи давлатӣ, пардохти маблағи истифодаи об ва сарҷамъона андешидани тадбирҳо ҷиҳати нигоҳдорӣ ва танзими фаъолияти шабонарӯзии пойгоҳҳо аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба иштирокдорон дастуру супоришҳо дода шуд.
Ёдовар мешавем, дар ноҳияи Ашт айни замон 20 Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият доранд. Силсилаи пойгоҳҳои обкашии Ашти Калон аз 11 адад пойгоҳҳои обии баландшиддат иборат буда, аз сабаби солҳои зиёд дар хизмати мардум қарор доштан, ба таваҷҷуҳ ва барқарорсозии пайваста ниёз дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.