МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ АШТ ВА ИФТИХОР

 176 боздид

Имрӯз пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар сокини кишвар аст. Барои он ки ин вабои аср ҳарчӣ зудтар рафъ гардад, мо бояд пайваставу ҳамарӯза дар доираи имконияти худ саҳми хешро гузорем.
Аммо афсӯс, на ҳама хатару паёмади ногувори ин бемориро дарк намудаанд. То ҳол ҳастанд нафароне, ки на ҳама вақт ба қавоиди беҳдоштӣ риоя мекунанд: бе ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир мешаванд, якҷо ҷамъ шуда менишинанд, аз ҳолу аҳволи фарзандони худ бехабаранд ва ё аҳамият намедиҳанд…
Дирӯз Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ҷиҳати вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти мубориза алайҳи бемории сироятии коронавирус бо фаъолону масъулини ҷамоатҳои деҳоти Ашт ва Ифтихор мулоқот намуд.
Аввалан, раисони ҷамоатҳои деҳоти Ашт (Ш.Раҳматҷонзода) ва Ифтихор (У.Норчаев) дар бораи вазъи эпидемикии ҷамоатҳояшон маълумоти муфассал доданд.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия қайд карда шуд, сокинон бояд ба зарурияти риояи қоидаҳои беҳдоштии аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб бозгӯшуда амиқ сарфаҳм раванд, бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накунанд. Якҷо ҷамъ шудаву суҳбатҳо оростан, ба маъракаҳои мотам рафтан, бидуни ниқоб ба кӯча баромадан—омилҳои паҳншавии бемориҳои сироятист. Ин бемориро, ки имрӯз қариб тамоми ҷаҳон аз он азият мекашад ва паёмадаш талафоти зиёди ҷонист, нодида гирифтан нишони беандешагиву бемасъулиятист. Масъулин бояд дар ҳар як маҳаллаву кӯча ҷиҳати фаҳмонида додани муҳимияти пешгирии ин беморӣ ҳамарӯза фаъолият намоянд. Кормандони хонаву марказҳои саломатӣ бояд бо масъулияти беш ба касбу кор ва муомилаи нек ба беморон кор кунанд.
Имрӯз чӣ аз ҷониби мақомоти олии кишвар ва чӣ роҳбарияти вилояту ноҳияҳо ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморон таваҷҷуҳу ғамхориҳои зиёд зоҳир шуда истодааст. МИҲД-и ноҳияи Ашт низ бо истифодаи тамоми имконоти худ ҳампаҳлӯи кормандони соҳаи тиб, беморон ва ашхоси осебпазир аст.
Раиси ноҳия ҷиҳати бепарвогии сокинони ҷамоатҳо, бетарафии масъулин изҳори норозигӣ намуда, аз вакилон, директорони мактабҳо, раисони маҳаллаҳо даъват ба амал овард, ки бетараф набошанд, аз як гиребон сар баровардаву дар ин рӯзҳои ҳассосу санҷишталаб ҳамдарди ҷомеа бошанд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.