Санаи 28-уми августи соли равон бо мақсади таҳкими муколамаи созанда бо мардум, андешидани тадбирҳои амалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, рушди инфрасохтор, баррасии мушкилотҳои ҷойдоштаи иҷтимоии сокинон ва сафарбар намудани мардуми маҳал ба корҳои ободкориву созандагӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мулоқот таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода баргузор гардид.
Дар ин мулоқот роҳбарияти ноҳияро масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ, фаъолону собиқадорон ҳамроҳӣ намуданд.
Дар мулоқот Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода мардуми маҳалро барои истифодаи самараноки обу замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ, дар ҳар як хонадон захираи дусолаи маводҳои ғизоӣ, ободу зебо гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, хабардошт аз нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва даҳшату оқибатҳои фалокатбори терроризму экстремизм, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи маданияти шаҳрвандӣ, гиромидошти падару модар, риояи талаботҳои қонунгузорӣ дар маъракаҳо, худдорӣ аз сарфу хароҷотҳои барзиёдӣ, истифодаи босамари нерӯи барқ, роҳ надодан ба истифодаи ғайриқонунии он, баланд бардоштани масъулият дар таълиму тарбияи фарзанд, гусел намудани фарзандони синну соли даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти саривақтии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, эҳтироми қонунҳои амалкунанда ва риояи ҳатмии талаботҳои он, ватандӯстиву ватанпарастӣ, инчунин ба омодагӣ барои таҷлили Рӯзи Дониш сафарбар намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода зикр намуданд, ки дар маросиму маъракаҳо сарфаю сариштакориро пеша намуда, аз сарфу хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ намоем. Иттилоъ доданд, ки талаботҳои қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим танҳо бо андешидани чораҳои маъмурӣ татбиқ намегардад. Иҷрои он пеш аз ҳама ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ вобастагии амиқ дорад. Он як рукни фарҳанги миллӣ дониста шуда, ба устувории хонаводаҳо ва рушди зеҳнии ҷомеа мусоидат мекунад.
Ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таъкид намуданд, ки волидон бояд масъулияти бештар эҳсос кунанд ва дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон ба насли наврас таълимоти босифат, тарбияи дуруст ва ҷаҳонбинии васеро таъмин созанд. Масъалаи истифодаи дурусти технологияҳои муосир низ дар меҳвари суханронӣ қарор гирифт. Изҳор доштанд, ки телефони мобилӣ бояд ҳамчун воситаи омӯзиш ва рушди маънавиёт истифода шавад.
Ба тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ишора намуда, хатару оқибатҳои фалокатбори терроризм ва экстремизмро барои ҷомеа шарҳ доданд. Дар ҳамин замина, аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон махсус ишора карда шуд.
Зикр гардид, ки мо бояд ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ омодагӣ гирем. Ҳар як амал, ҳар як ташаббус ва ҳар як иқдоми ободкорона дар маҳал қадаме дар роҳи рушду пешрафти ноҳия ва давлат арзъёбӣ мегардад. Сипас, сокинон ба саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, сарсабзгардонӣ, омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва рушди минбаъдаи ноҳия даъват карда шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба як қатор талабу дархостҳои шаҳрвандон посух дода, масъулини соҳа вазифадор гардида, ба назорати корбарӣ ва иҷро гирифта шуд.
Аз ҷониби фаъолони мардуми кӯчаҳои ба номи С.Иминҷонов, Ҷ.Расулов ва қисман кӯчаи А.Рӯзиев, ки он ҳамчун ба номи кӯчаҳои маҳаллаи Боғдорӣ ном гирифта мешавад, бо тариқи дастаҷамъӣ оғоз намудани мумфаршкунии қисматҳои роҳи асосии пайвасташавандаро иброз намуданд. Ба чунин ташаббусҳо ба онҳо Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода баҳои арзанда ва миннатдорӣ намуда, дастгирии мутақобиларо баён намуданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ