Мулоқот бо волидон

 1 004 боздид

14-декабр дар  Муассисаҳои таълими  №8,35,46-и ҷамоати деҳоти Ифтихор бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Зафар Мамадҷонов, мудири шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандони назди МИҲД-и ноҳия Камол Самиев, сармутахассиси шуъбаи маориф Мавҷуда Қосимова, мушовири шуъбаи маориф оид ба забони давлатӣ Қаросоч Муъминова ва мушовири шуъба оид ба забон ва адабиёти тоҷик Назокат Худойбердиева бо волидони хонандагони муассисаҳои мазкур вохӯрӣ доир гардид.

Зафар Мамадҷонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ва Камол Самиев мудири шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандони назди МИҲД-и ноҳия дар баромади хеш оид ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, тарбияи ватанпарваронаи насли наврас, тарғибу ташвиқ барои сафарбарнамудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, оид ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, эҳтироми волидон ва тарбияи ҳарбӣ- ватанпарварӣ ибрози назар намуданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин татбиқи омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ӯзбекзабон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҳамкории волидон бо устодон ва муассисаҳои таълимӣ, татбиқи Қонуни забони давлатӣ ва ташвиқи волидон оид ба ободонии муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.