Дар ҷамоати деҳоти Понғоз оид ба ҷалб кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо омӯзгорон, раиси кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон ва фаълони ҷамоат роҳбарияти ноҳия мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот роҳабарияти ноҳия бо нигаронӣ иброз дошт, ки то имрӯз аз ҷамоати Понғоз миқдори ками ҷавонон ба адои хизмат сафарбар карда шуданд. Дар ҳоле, ки ҷамоати Понғоз яке аз ҷамоатҳои калонтарин дар ноҳия маҳсуб меёбад. Роҳбарияти ноҳия аз иштирокдорони мулоқот даъват ба амал овард то барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ фаъолона иштирок намоянд.
Дар фарҷом масъулин ваъда доданд, ки нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар ҷамоат рӯзҳои наздик иҷро менамоянд.