Дар доираи сафари кории худ Ҳикматуллозода Неъматулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, нимаи дуюми имрӯз 18 декабри соли ҷорӣ дар толори МТМУ рақами 49-и Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт, бо сокинони ин ҷамоат доир ба расонидани арзи сипоси Сарвари давлат ба мардуми кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи Интихобот, шарҳи мӯҳтавои муроҷиатномаи «Барқи Тоҷик» оид ба истифодаи нерӯи барқ ва оғоз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз доир гардид.
Дар мулоқот Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, Ҷамшед Маҳмудзода муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Аниса Ҷалилӣ муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, Хуршед Фарҳодзода роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Хушнуд, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорон, вакилони ҷамоативу ноҳиявӣ ва сокинон ва фаъолони ҷамоат иштирок доштанд.
Ҳикматуллозода Неъматулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ошоба таъкид дошт, ки мо бояд нерӯи барқ то сарфакорона истифода барем.
Дар охир сокинон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин мулоқот дар дигар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия баргузор мегардад.