Мулоқоти Раиси ноҳияи Ашт бо донишҷӯён дар шаҳри Хуҷанд

 1 063 боздид

Нимаи дуюми рӯзи  11 -декабр дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Роҳбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, бо донишҷӯён аз ноҳияи Ашт баргузор гардид.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, дар баромади хеш иброз дошт, боиси ифтихормандист, ки  дар муассисаҳои олӣ ва  касбии шаҳри Хуҷанд 2737 (1849 духтарон) нафар, дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1790 / (462 нафар духтарон) нафар, дар хориҷи дуру наздик 302/41 нафар, (4 нафар дар Хитой) ва  як нафар тарбиятгирандаи интернати наздимактабии №2  дар донишгоҳи олии кишвар таҳсили илм мекунанд. Хурсандиовар он аст, ки теъдоди ҳарсолаи донишҷӯён афзун гардида истодааст.

— Ноҳияи Ашт низ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои Ватани азизамон ояндаи дурахшон дорад, умед аст, ки дар солҳои наздик бунёди коргоҳҳои нави замонавӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ, ҷойҳои нави корӣ барпо мешаванд, даромаднокӣ ва сатҳи зиндагии сокинони ноҳия боз ҳам беҳтар мегардад.

— Ман итминон дорам, Шумо баъди хатми Донишгоҳу Донишкадаҳо ва коллеҷҳо  соҳибкасб гардида, ҳамчун фарзанди асили диёр бо ташаббусҳои бузург, ғояҳои нав, эҷодкорӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Пешвои Муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди устувори иқтисодиёт ва пешрафти кишвар заҳмат кашида, ба ноҳияамон бармегардед, барои Ватани азизамонро ба кишвари индустриалӣ аграрӣ табдил додан ҳиссагузорӣ  хоҳед намуд.

Дар мулоқот донишҷӯён ба раиси ноҳия дархосту пешниҳоди худро баён намуданд.

Далер Умаров, донишҷӯи соли чаҳоруми факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пешниҳод намуд, ки аз ҳисоби волонтёрони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД- и ноҳияи Ашт, як гурӯҳи посбонони ҳифзи муҳити зист ташкил карда шавад. Инчунин пешниҳод намуд, ки аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва донишҷӯёни фаъол як корвони сайёҳӣ ба НОБ-и “Роғун” ташкил карда шавад.

Нилуфар Қосимова, донишҷӯи бахши севвуми факултети молияи ДДҲБСТ, пешниҳод намуд, ки дар ноҳия байни донишҷӯён озмуни “Донишҷӯи беҳтарин” гузаронида шавад.

Диловар Ҷафаров, донишҷӯи соли чаҳоруми донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ иброз намуд, дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия гурӯҳҳои фаъол аз ҳисоби хонандагони болаёқат ташкил карда шавад.

Фирӯз Машарипов, донишҷӯи соли чаҳоруми факултети молияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пешниҳод намуд, ки дар маркази Ҷамоати деҳоти Понғоз филиали БДА “Амонатбонк” таъсис карда шавад, то нафақахӯрон ва сокинони ҷамоат дар гирифтани маблағ азият накашанд.

Донишҷӯён аз роҳбарияти ноҳия ва масъулин ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.

Дар мулоқоти Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, санаи 13 декабри соли сипаришуда чунин дархостҳо пешниҳод гардида буданд:

  • назорати нархномаҳои дорухонаҳо ва муомилаи хуби кормандони тиб бо донишҷуёну шаьрвандон,
  • таъмир намудани мактаби санъати бачагонаи ноҳия баъди ба итмом расидани сохтмони хонаи пешоҳангон
  • бунёди толори варзишц дар МТМУ № 66 деҳаи Саро
  • барои пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон пеш аз оила барпо намудан аз ташхиси пизишкон гузаштан.
  • оид ба зиёд намудани меъёри соатҳои дарсӣ аз фанҳои забони рӯсӣ ва англисӣ, ташкили сӯҳбату мулоқотҳо ва ёрии методӣ ба хатмкунандагони мактабҳо оид ба имтиҳонсупорӣ ва интихоби касбҳо,
  • зиёд намудани хатсайри Хуҷанд – Шайдон дар зонаҳои поёнии шаҳраки Шайдон
  • дар таҷрибаомӯзии донишҷуён кормандони тиб аҳамияти хуб намедиҳанд

Дар охир ба 50 нафар донишҷӯён кӯмаки молиявии МИҲД-и ноҳияи Ашт расонида шуда, ҳамзамон ба донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда маводи яквақтинаи ғизоӣ тақдим гардид.

Дар фарҷоми мулоқот барномаи консертии Бахши фарҳанги ноҳия манзури донишҷӯён карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ, аз 1499 нафар хатмкунандагон 884 нафар аз он 335 нафар духтарон  ба макотибҳои олӣ,  209 нафар аз он 185 нафар духтарон ба коллеҷҳои касбӣ дохил шуданд. Бо Квотаи Президентӣ 104 аз он   53 нафар духтарон  дар донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил мекунанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.