Мулоқоти Раиси ноҳияи Ашт бо варзишгарон ва ҷавонони ноҳия

 833 боздид
 
Имрӯз, 04 марти соли ҷорӣ дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо варзишгарон ва собиқадорони соҳаи варзиш вохӯрӣ доир гардид.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар баромади худ зикр дошт, ки варзишгарон парчамбардорону муаррифкунандагони миллатанд. Варзиш қосиди сулҳу амонӣ, воситаи беҳтарини пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тарғибгари тарзи ҳаёти солим ва саломатии бардавоми насли ояндасози меҳан аст.
-Дар байни сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия нафароне ҳастанд, ки бо дастгириву саҳми арзандаи худ дар рушди соҳаи варзиш нақши муассир доранд. Мамадҷонов Мурод ба миқдори 400 ҳазор сомонӣ, Манозимов Пайрав-150 ҳазор сомонӣ, Мирзоматов Ҳусейн-200 ҳазор сомонӣ аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, Урунов Насриддин-123 ҳазор сомонӣ аз Ҷамоати деҳоти Меҳробод, Эргашев Бахтиёр-35 ҳазор сомонӣ, аз Ҷамоати деҳоти Ориён ва Ахмедов Санъат – 30 ҳазор сомонӣ аз ҷамоати деҳоти Ашт ҳиссагузорӣ намудаанд.
— Мо ҷавонон бояд пеш аз ҳама ватандӯсту меҳанпараст, баору номус, қавӣиродаву шуҷоатманд бошем ва дар иҷрои қарзи худ, яке аз уҳдадориҳои шаҳрвандии худ, яъне хизмати ҳарбӣ намудан пешсафу масъул бошем.
Дар идомаи баромади худ Раиси ноҳия, аз раванди номатлуби гароидани як зумра ҷавонони гумроҳ ба ҳизбҳои номатлуб, таҳсили ғайриқонунии онҳо дар хориҷи кишвар ва ширкат дар муҳорибаҳои давлатҳои хориҷ изҳори нигаронӣ намуд ва роҳи бозгашт аз ин ҳодисаҳои номатлубро дар рушди раванди бемайлони варзиш бо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон арзёбӣ намуд.
Дар охир як қатор мураббиёни комёб, доварон, соҳибкороне, ки дар бунёди иншоотҳои варзишӣ саҳм гузоштаанд, варзишгароне, ки дар мусобиқоти бонуфуз соҳиби дастовардҳо гаштаанд, сардорони дастаҳои футболи ноҳия бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои МИҲД-и ноҳия сарфароз гаштанд.
Ҳамчунин ба ғолибони дастаҳои чемпионати 5-уми лигаи 1-уми футболи ноҳия: Дастаи “Орзу”-и Ҷамоати деҳоти Ориён ҷои аввал, дастаи “Иттифоқ”-и Ҷамоти деҳоти Ифтихор ҷои дуввум ва дастаи “Шӯҳрат 78”-и Ҷамоати деҳоти Шодоба, ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар чемпионати 5-уми лигаи 2-уми футболи ноҳия, ҷойи сеюм насиби дастаи “Урмантол”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор, ҷойҳои дуввум ва якум насиби дастаҳои “Гулистон” ва “Пахтакор”-и Ҷамоти деҳоти Ориён гардид.
Дар мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси федератсияи футболи ноҳия: дастаи “Орзу”-и Ҷамоати деҳоти Ориён ҷои севвум, дастаи “Қалъа”-и Ҷамоати деҳоти Понғоз ҷои дуввум ва дастаи “Иттифоқ”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор сазовори ҷои аввал гардиданд, ки Сипосномаву тӯҳфаи Раиси ноҳия супорида шуд. Шоҳҷоиза насиби дастаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон гашт.
Мавриди зикр аст, ки дар соли сипаришуда варзишгарони ноҳия дар бисёр мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, шаъну шарафи ноҳияамонро баланд бардошта, соҳиби 180 медали тилло, 191 нуқра ва 248 биринҷӣ гардиданд. Варзишгарони муассисаи давлатии Мактаби варзишии рақами 1, 2 ва муассисаи давлатии мактаби махсуси футболи ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар миқёси ноҳия 125 майдончаҳои варзишӣ ва 32 толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, тайи солҳои охир аз ҷониби сокинон ва соҳибкорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот як қатор иншоотҳои варзишӣ бунёд ва таъмиру тармим шуда, ин иқдом бомаром идома дорад.
Дар анҷом аз тарафи фарҳангчиёни ноҳия барномаи хуби консертӣ пешниҳод карда шуд, ки басо мақбули ҳозирин гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.