Мулоқоти Роҳбари МИҲД-и ноҳия бо ҷавонон ва меҳмонон аз манотиқи кишвар

 1 040 боздид

Шоми имрӯз дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мулоқоти Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷавонони манотиқи кишвар баргузор гардид.
Дар мулоқот Манучеҳр Чиллазода намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мадина Ҳомидова муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, 60 нафар ҷавонон аз манотиқи кишвар ва ҷавонони ноҳия иштирок доштанд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ иброз дошт, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи кишвари азизамон Тоҷикистон ҳастанд. Ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат қарор доранд.
Манучеҳр Чиллазода намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешвоз ва меҳмондорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расонида зикр дошт, ки бо дастгирии МИҲД-и ноҳия имрӯз ҷавонони фаъоли минтақаҳои гуногуни кишвар имкон пайдо карданд, ки аз ноҳияи зебоманзари дилошӯби Ашт ва дастовардҳои беназири шиносоӣ пайдо карда бошанд.
Мадина Ҳомидова муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар баромади худ иштирокдоронро ба истиқбол ва ҷашнгирии Рӯзи ҷавонон табрик намуд.
Аз тарафи Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва КИ ҲХДТ-дар ноҳияи Ашт ба ҷавонони фаъоли туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.