Мулоқоти Роҳбари МИҲД-и ноҳия бо муассисони дини ноҳия

 657 боздид

Имрӯз, 1 августи соли ҷорӣ дар масҷиди “Амир Ҳамзаҳ”-и шаҳраки Шайдон, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ходимони дин, имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳия мулоқот намуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зимни суханронии худ доир ба кушта шудани сайёҳони хориҷӣ, ки аз тарафи хоинони ватан ба вуқуъ пайваст изҳори нигаронӣ намуда, аз ходимон ва имомхатибон даъват ба амал овард то дар ин масъала бетараф набуда, баҳри маҳкум намудани ин ҷавонони гумроҳ саҳми худро гузоранд. Инчунин зикр дошт, ки бино ба иттилои ВКД, аз 9 гумонбари ҳамлаи рӯзи 29 июл 5 нафараш безарар карда шуда, 4 тани дигар дастгир шудаанд.

Дар идомаи суҳбат Роҳбари МИҲД-и ноҳия доир ба зиёдаравӣ накардан дар сафари Ҳаҷ сухан гуфта афзӯд, шумо ки як қисми муҳим ва фаъоли ҷомеа ба ҳисоб меравед, нагузоред, ки нафароне, ки ба сафари Ҳаҷ мераванд ба зиёдаравӣ роҳ диҳанд.

Инчунин Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ходимони дини ноҳия ҷиҳати баргардонидани ҷавононе, ки дар кишварҳои хориҷӣ қарор доранд  дастуру супориш дод.

Дар охир Роҳбари МИҲД-и ноҳия даъват ба амал овард, ки дар ободу зебо гардонидани ноҳия, ободониву созандагӣ, дар арафаи Иди Қурбон ятимону барҷомондагонро дастгирӣ намудан саҳми назаррас гузоранд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.