Мулоқоти Роҳбари МИҲД-и ноҳия бо сокинони деҳаи Саро

 1 101 боздид

Имрӯз, 2 ноябр дар маркази деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғоз мулоқоти Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт оид ба баргардонидан шахсони дар кофтукови ҷиноӣ қарордошта, бо сокинон ва пайвандони онҳо баргузор гардид.

Дар мулоқот Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, прокурори ноҳияи Ашт,  муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт, раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибон, сокинон ва пайвандони ашхоси дар кофтукови ҷиноӣ қарордоштаи деҳаи Саро иштирок доштанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар бромади худ иброз дошт,  дар ин муддат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ 8 нафар аъзои гурӯҳи салафӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки аз онҳо 5 нафарашон аз деҳаи Саро мебошанд. Айни замон пас аз бозпурсӣ ин панҷ нафар авф карда шуда, зиндагии орому осоишта доранд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин суҳбати ошкоро бо аҳли пайвандон ва наздикони дар рӯихати шахсони дар кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ашт қарор дошта ва баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Ҷалолиддин Ниёзов имомхатиби деҳаи Саро дар баромади худ зикр дошт, мо мардуми деҳа сарҷамъона кӯшиш менамоем то онҳое, ки имрӯз дар кишварҳои хориҷ паноҳандагӣ доранд ва дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд ба Ватани азизамон бармегардонем.

Сафарзода Баҳриддин Сафар прокрурои ноҳия дар баромади худ қайд кард, эзоҳи моддаҳо (моддаҳои 401 (иловаи 1) ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки агар шахсе, ки барои ин ҷиноятҳо дар кофтуков қарор дорад ё ин ки ҷиноятро содир кардааст, ихтиёр ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шавад, аз кардааш изҳори пушаймонӣ кунад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд, агар кирдорашон дигар ҷиноят набошад.

Дар охир Падари Бурҳонов Идибек, Бурҳонов Салоҳиддин, барои баргардонидани фарзандаш аз Федератсияи Россия ваъда дод. Инчунин Ҳасанов Баҳриддин собиқ омӯзгори муассисаи таълимии рақами 20, падари Ҳасанов Ашуралӣ, ки қаблан бо ибтикор ва ташаббуси мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба Ватан баргардонида шуда буд, айни ҳол дар ин деҳа зиндагӣ дорад, миннатдории худро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт расонид.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол аз ноҳияи Ашт 75 нафар дар рӯйхати шахсони дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд, ки аз инҳо 7 нафар аз деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғоз мебошанд.

Рӯйхати сокнинони деҳаи Саро, ки дар ҷустучӯй ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт қарор доранд:

  1. Шералиев Фаромуз Абдувалиевич
  2. Марвони Фаромуз
  3. Шералиева Муҳаббат Ҳамроқуловна
  4. Шералиев Абдуманон Абдувалиевич
  5. Аббосов Насрулло Абдуллоевич
  6. Қурбонов Нурали Аҳмадҷонович
  7. Бурҳонов Идибек Салоҳидинович

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.