Мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо волидайни хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 17-и ба номи Абуалӣ ибни Сино

 61 боздид

Имрӯзҳо соҳаи маориф соҳаи калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба рушду инкишофи ҳаматарафаи он мунтазам таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санаи 30 ноябри соли 2019 тибқи нақшаи кории тасдиқнамуда оид ба иҷрои уҳдадориҳои падару модарон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инкишофи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва умуман, тарбияи онҳо дар роҳи инсондӯстиву ватандорӣ ва ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ мулоқоти Раиси ноҳия муҳтарам Мирдадо Зарифро бо волидайни хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 17-и ба номи Абуалӣ ибни Сино ба роҳ монд.

Зимни мулоқот сараввал, Раиси ноҳия муҳтарам Мирдадо Зариф оид ба бурду бохти муассиса давоми соли таҳсили 2018-2019 маълумот дода, падару модарон ва омӯзгоронро уҳдадор ва вазифадор намуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандону хонандагон беаҳмиятӣ зоҳир нанамоянд. Зеро, дар мавриди болоравии тарбия, донишазхудкунии фарзандон, машғулнамоӣ ба варзиш ҷалби онҳо ба китобхонӣ ва ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон ва баъдан омӯзгор, давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, дар баромади худ қайд намуд, ки тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад.

Барои он, ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, ифротӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тавре тарбия намуд, ки то ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд. Маҳз, бо ҳамин мақсад ва як қатор ҳадафҳои дигари инкишофи таълиму тарбия миёни наврасону ҷавонони мамлакат 2 августи соли 2011 “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид ва имрӯз мавриди амал қарор дорад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон, ташаккул додани рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандории онҳо боз ҳам баланд мебардорад.

Аз чӣ гуна таълиму тарбия намудани насли наврас  ояндаи ҷомеаи мо вобастагӣ дорад, Зеро, ноболиғону ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар, фардо дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриамон саҳм мегузоранд. Бинобар мо имрӯз наврасону ҷавонро саводноку донишманд ба воя расонем, онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву эҳтиром  ба дастовардҳои  замони Истиқлолият тарбия намоем.

Дар охири мулоқот баъди суханрониҳо ва таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби Раиси ноҳия ба модарони 4 нафар наваскарон, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, хизмат намуда истодаанд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.