Санаи 29 сентябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ашт ҳавзаи интихоботии Дӯстӣ 44 ва ҳавзаи интихоботии Марҳамат 43 Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт, мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ва бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар баромади худ доир ба корҳои ободониву созандагии сокинони ноҳия, барои истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин дар асоси дастури Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардида, дар он роҷеъ ба рафти иҷрои Амри Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти рақами АП — 1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба самъи аҳолӣ расонидани моҳияти қарорҳои иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, арзёбӣ шуд.
Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқшуда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди 131 иншоотҳо, аз ҷумла коргоҳҳои саноатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаҳо, марказу хонаҳои саломатӣ, варзишгоҳу толори варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммомҳо, сохтмон ва таъмири иншоотҳои соҳаи фарҳанг, таъмири асосиву ҷории роҳҳо, сохтмони хати оби нӯшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, сохтмон, таъмиру тармими иншоотҳои гуногун аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон дар ҳудуди ноҳия бунёд, таъмир ва азнавсозии 8 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 3 адад коргоҳҳои дӯзандагӣ, сохтмону таъмири 18 адад мактабу синфхонаҳо,1 адад кӯдакистонҳо, 4 адад беморхонаҳо, 6 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази саломатӣ, 9 варзишгоҳу толори варзишӣ, 19 майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, 7 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳаммом, сохтмон, таъмиру тармими 5 иншоотҳои соҳаи фарҳанг ва зиёда аз 34 иншоотҳои гуногун амалӣ карда мешаванд.
Дар охир интихобкунандагон ба суоли худ доир ба мушкилиҳои ҷойдошта дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия посухҳои мушаххас гирифтанд.