Мулоқоти Солеҳзода Ашурбой Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулаҳои иқтисодӣ бо сокинони ноҳия

 1 485 боздид

Имрӯз дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт вохӯрии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид баҳри омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон баргузор гардид.

Дар вохӯри Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой, роҳбарони сохторҳо ва корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия ва фаъолон иштирок доштанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар баромади худ зикр дошт, басо рамзист, ки  имсол Иди Рамазон ба таҷлили яке аз санаҳои муҳими таърихии кишвар – Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад. Мардуми ноҳия дар доираи эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ин санаи ҳумоюни таърихии миллат  ҳамаҷониба кӯшиш намуда истодаанд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид дар суханронии худ иброз дошт, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мудлоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар руҳу илҳоми тоза гирифта, сабақҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро ҳамеша дар ёд нигоҳ медорад. Баро сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободӣ, оромиву осудагии Ватани азизамон, дастгирии шахсони ниёзманд, ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ надошта, барои осудагии ҳар хонаводи халқи Тоҷикистон кӯшиш менамояд.

Инчунин  дар идомаи баромадаш Солеҳзода Ашурбой аз дастовардҳои ноҳия ва омодагӣ ба истиқболи  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон,  ва корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ёдовар шуд.

Дар охир иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид санаи 12 июни соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, Шодоба ва Ашт баҳри омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардида буд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.