Мулоқоти Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад бо сокинони ноҳияи Ашт

 884 боздид

Санаи 11 сентябри соли ҷорӣ дар 7 ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия мулоқоти  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 1 Баҳриддин Сафарзода ва муовини  Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 27- сол баромад намуда зикр дошт, Истиқлолият неъмати пурқимматтарин ва дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, ки туфайли заҳмат ва кӯшишҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯзҳо кишвари азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун навҷавони 27-сола дар ақсои олам қомат боло карда, чун дигар кишварҳои мутараққӣ барои ҳалли муаммоҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ талош ва саҳмгузорӣ намуда истодааст.

-Давоми бисту ҳафт соли Истиқлолият дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳияи Ашт ба дастовардҳои назаррас ба назар мерасад.

Дар ин муддат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт панҷ маротиба сафари корӣ анҷом додаанд, ки боиси руҳбаландӣ ва ифтихормандии сокинони ноҳия гардидааст.

Маҳз, соли 2016 бо дастгирӣ ва иштироки Пешвои миллат иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ба монанди, муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 дар деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз, Чойхонаи замонавӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови маркази ноҳия ва соли 2013 толори варзишӣ барои 300 ҷойи нишаст ва бинои беморхонаи марказӣ, ки ҳоло номи Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Истамқул Ҳасановро гирифтааст, ба истифода дода шудаанд.

Баҳриддин Сафарзода прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 1, ҷиҳати татбиқ ва эзоҳи моддаҳои 401 (иловаи 1) ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, қайд кард, омӯзиши вазъи ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дар ноҳияи Ашт нишон дод, ки ин ҳолат дар ноҳия ташвишовар боқӣ мондааст. Нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки шумораи шаҳравандони ноҳияи Ашт, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ шомил шуда, дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ бахусус, дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон иштирок мекунанд, зиёда аз 50 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии шахсоне, ки дар барои ҷиноятҳои террористӣ-экстремистӣ дар кофтуков қарор доранд, ё ин ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, маҳкум карда шудаанд, ё ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ карда шуд, наздик 80 нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумораи кам нест.

Дар охири вохӯрӣ сокинони ноҳия ба суолҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар 2 Ҷамоат мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 1 Баҳриддин Сафарзода ва дигар роҳбарони сохторҳои қудратӣ, бо сокинон ва ходимони дини ноҳия дар назар аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.