Имрӯз, 21-уми феврали соли ҷорӣ дар тарабхонаи “Аҳмадҷон”-и ҷамоати шаҳраки Шайдон вохӯрии и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо занони фаъол, собиқадор, ҳунарманду соҳибкор, занҳои хонашин ва омӯзгорону табибони ноҳия баргузор гардид.
Нахуст, Зариф Мирдадо оид ба маърифати оиладорӣ, даст задани ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои гуногун, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, фарҳанги либоспушӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ суханронӣ намуда таъкид дошт, ки модарон бояд фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, бо ахлоқи намунавӣ тарбия карда, касбу ҳунар омӯзонанд.
Дар вохӯрӣ зиёда аз 200 нафар бонувон аз ҷамоатҳои ноҳия ширкат доштанд. Дар охир аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ тақдими ҳозирин гардид.