Ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 19 марти соли равон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ 30 тонна асфалти гарм харидорӣ карда шуда, даромадгоҳи бинои Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо дарозии 60 мерт ба паҳноии 8 метр мумфашр карда шуд.
