Мумфаршкунии роҳ дар Ашт оғоз ёфт

 2 364 боздид

25-уми июн бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Ашт мумфаршкунии роҳи дохили ноҳия оғоз гардид.

Роҳбарияти ноҳия зимни мумфаршкунии гардиши деҳаи Қаҳрамон ба масъулин гуфт, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, корҳои сохтмонии роҳро хушсифат ба анҷом расонанд.

Тавре муовини раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода иттилоъ дод, мумфаршкунии роҳ аз гардиши деҳаи Қаҳрамон оғоз шуд. Барои мумфаршкунии зиёда аз 20 километр роҳи дохилии ноҳия аз буҷаи Ҳукумати ҷумҳурӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Ин маблағ барои пурра асфалтпӯш кардани роҳҳои маркази ҷамоатҳо равона гардида, корҳои сохтмонии он ду моҳ идома меёбад.

Ин иқдом дар ноҳияи Ашт барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 20-солагии ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Саодат ИСМОИЛӢ

Як тафсир

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.