Мумфаршкунии роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ориён

 732 боздид

Бахшида ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия корҳои ободониву созандагӣ бо суръат ҷараён дорад.

Тавре Хуршед Фарҳодзода, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ориён иттилоъ дод, айни ҳол 270 тонна асфалти гарм оварда шуда, беш 500 метр роҳи дохили Ҷамоат мумфарш шудааст.

Инчунин мумфаршкунии роҳи марказии маҳаллаи Шаҳринав бо маром ҷараён дошта, тибқи нақша боз 250  тонна асфалти гарм оварда шуда, соҳибкорон ва сокинони Ҷамоат боз 1 километр  роҳҳои дохили Ҷамоатро мумфарш мекунанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.