Бахшида ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳияи Ашт, корҳои ободонӣ бо суръат ҷараён дорад.
Тавре ба Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Ашт Бурҳониддин Мелиҷонов, раиси Ҷамоати деҳоти Пунук иттилоъ дод, айни ҳол 210 тонна асфалти гарм оварда шуда, беш 500 метр роҳи дохили Ҷамоат бо сифати хуб мумфарш шудааст.
Инчунин мумфаршкунии роҳи маҳаллаҳои Миёна ва Поён бо маром идома ёфта, тибқи нақша боз 250 тонна асфалти гарм оварда шуда, соҳибкорон ва сокинони Ҷамоат боз 4 ҳазор метри квадратӣ роҳҳои дохили Ҷамоатро мумфарш мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки таъмири ҷории роҳҳои дохили Ҷамоат бо суръат ҷараён дошта, беш аз 1 км дигар роҳи дохилии Ҷамоати Понғоз мумфарш карда мешавад.