Мӯъминҷон Қаробоев 80-сола шуд

 937 боздид

27 марти соли равон и.в раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба хонаи собиқадори меҳнат Мӯъминҷон Қаробоев ташриф оварда аз вазъи саломатӣ ва зиндагии ӯ аз наздик ошно гардид.

Зариф Мирдадо зимни мулоқот бо Мӯъминҷон Қаробоев аз хизматҳои шоистаи ӯ ёдовар шуда, миннатдории худро ба М. Қаробоев баён намуд ва ба ӯ саломативу умри бардавом тамнно кард.

М. Қаробоев 80 сол дошта,  27 сол дар ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Ашт (ДОСААФ) фаъолияти пурсамар бурдааст. Ҳоло ӯ ҳамчун аъзои Шӯрои собиқадорони меҳнат дар ш. Шайдон фаъолият мебарад.

М. Қаробоев соҳиби  9 фарзанд, 5 писар ва 4 духтар мебошад.

Зимни аёдат ба М. Қаробоев тӯҳфаҳои МИҲД-и  ноҳияи Ашт тақдим карда шуд.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.