Дар рӯзи қабули шаҳрвандон муроҷиати зиёда аз 15 нафар сокинони ноҳия аз ҷониби Зариф Мирдадо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия шунида шуд.
Қабули шаҳрвандон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор шуд. Дар он баррасии гирифтани заминҳои назди ҳавлигӣ ва расонидани кӯмакҳои моддӣ ба бархе аз сокинони ноҳия сурат гирифт.
Зариф Мирдадо барои ҳалли муроҷиати шаҳрвандон ба масъулин дастуру супориш дод ва гуфт ҳарчӣ зудтар барои ҳалли муаммои шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.