МУРОҶИАТНОМА

 138 боздид

Сокинони ноҳияи Ашт аз ҳодисаҳои охире, ки дар марзи сарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо давлати ҳамсоя, Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст сахт андӯҳгин аст.

Таърих собит месозад, ки мардуми бостонии тоҷик бо ҳамсояҳои худ равобити зичи дӯстӣ дошт ва имрӯз низ ин анъанаро зери сиёсати оқилонаву одилонаи Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон давом дода истодаанд.

Аммо, ҷанги марзии рӯзҳои охир ҳадафҳои аҳдшиканӣ, номардӣ, сулҳнохоҳӣ ва миллатгароии баъзе аз мақомдорони давлати ҳамсояи Қирғизистонро ошкор кард. Тазаккур бояд дод, ки гурӯҳҳои муташаккили низомӣ аз ноҳияи Боткенти Қирғизистон ба деҳаҳои наздисарҳадӣ, ҳатто ба маҳалҳои дуртар аз марзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳуҷум оварда, мардуми зиёди бегуноҳро куштаву захмӣ гардониданд. Гурӯҳи махсуси сулҳнохоҳу иғвогари қирғиз барои ҳалокати кӯдакони бегуноҳ, ҷон бохтани ҷавонони ҷавонмарги ин сарзамини муқаддас сабаб гардиданд.

Барои амалӣ кардани ҳадафҳои нопок гурӯҳҳои муташаккили низомии қирғиз нақшаҳоро пешакӣ тарҳрезӣ намуда, барои ноором сохтани эъмори давлатдорӣ ва паҳн кардани таҳлука байни сокинони осоиштаи тоҷик аз силоҳҳои муҳимоти ҷангии гуногун истифода намуданд. Махсусан, ҳавопаймоҳои бесарнишини ин кишвар ба болои маҳалҳои зист, масҷиду бозорҳо гулулаҳои ҳалокатовар партофтаанд. Аён аст, ки солҳои охир Ҳукумати Қирғизистон ин силоҳҳои ҳалокатоварро маҳз барои ҳамла ба ҳамсояи худ, Тоҷикистон харидорӣ кардааст.

Ҳамлаҳои аҳдшиканонаи тарафи Қирғизистон дар 6 минтақаи ҳудуди 300 км марзи Тоҷикистон идома доштанд.

Марзбонони тоҷик маҷбур шудаанд ба ин гурӯҳҳои ҳамлавар ҷавоби сазовор гардонданд. Дар натиҷаи муқовимати сахти ҳарбиёни ҷасури тоҷик ба нерӯйи мусаллаҳи қирғиз онҳо таслим гардиданд ва пас аз чанд муддат дубора оташ кушоданд.

Дар чанд соли ахир ҳар бор пас аз эъломи оташбас ва сулҳ миёни тарафҳои даргир, базудӣ оташи фитнаву иғво ва ҷангу куштор аланга мезанад. Лоиқи зикр аст , ки на мардуми Тоҷикистон ва на мардуми Қирғизистон тарафдори ҷангу хунрезӣ нестанд.

Мардуми тоҷику қирғиз аз қадим муносибатҳои дӯстию бародарии хуб дошта, дар ноҳияҳои наздимарзӣ никоҳҳои омехта доранд., вале ба ин муносибати хуб дасти иғвогарон дароз шуд.

Душманони миллат бояд хуб донанд, ки Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, Қувваҳои Мусаллаҳ, родмардони Ватан, мардумони шердил, хирадмандони бузург ва ҷавонони бонангу номус доранд, ки ҳар як тирри бадхоҳи миллатро ба хок яксон мекунанд.

Сокинони ноҳияи Ашт дар ҳодисаҳои ахир дар нуқтаи омодабош қарор гирифт ва интизори як ишора барои ҳифзи Ватан бо ивази ҷон буд. Дар ҳама маврид мардуми ноҳия омода аст, ки бо як ишора барои ҳифзи ин сарзамини биҳиштосо раҳсипор шавад.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.