Муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба мардуми шарифи ноҳия оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус ва рафти иммунизатсияи шаҳрвандон бар зидди бемории сироятии коронавирус дар ноҳия

 225 боздид

Ҳамдиёрони азиз!
Ситоди ноҳиявӣ ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ бо мақсади таъмин намудани солимии аҳолӣ ва саривақт ошкору пешгирӣ намудани сироятёбӣ аз коронавирус аз тамоми имконияту захираҳои муфид истифода бурда, ҳамзамон ба Шумо муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки бо дарназардошти вазъи муътадили пандемия қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, фосилаи байни ҳамдигариро нигоҳ доред.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-марти соли 2021, №83 Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва бо мақсади таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус байни гурӯҳҳои осебпазири ноҳия дар ноҳия аз санаи 17-уми июни соли 2021 ваксинатсияи шаҳрвандон аз гурӯҳи мақсаднок бар зидди ин беморӣ оғоз карда шуда, то имрӯз босуръат идома дорад.
Имрӯз дар ноҳия аз оғози гузаронидани ваксинатсия ба шаҳрвандон шумораи сироятёбӣ коҳиш ёфта, моҳҳои охир ба қайд гирифта нашудааст.
Шаҳрвандони гиромӣ!
Аз ин лиҳоз, даъват ба амал оварда, ба тамоми сокинони ноҳия муроҷиат менамоем, шахсоне, ки аз иммунизатсияи бар зидди бемории сирояти коронавирус аз қайд нагузаштаанд, аз иммунизатсия гузашта, баҳри ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ худ ва дигаронро аз сироятёбии ин беморӣ ҳифз намоед.
Ситоди доимоамалкунандаи ноҳиявӣ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.