МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ САДА

 248 боздид

Бахшида ба ҷашни Сада дар асоси нақшаи чорабинии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт аз санаи 24 то 28 январ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мусобиқоти гуногун доир гардиданд.

Санаҳои 24-25 январи соли равон дар МДМВ №1 мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони соли таваллудашон 2002-2006, 2007-2010 баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 200 нафар варзишгарону варзишдӯстон аз 6 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат намуданд.

Санаи 25 январ дар толори варзишии ҷ.д.Шодоба (МДМВ №2) мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба гӯштини тарзи озод бо ширкати 50 нафар варзишгарон, дар толори варзишии ҷ.д. Ошоба мусобиқа оид ба волейбол бо иштироки 4 даста (48 нафар варзишгарон), санаҳои 27-28 январ бошад,  мусобиқаи кушод оид ба дастхобонӣ байни духтарон, наврасон ва ҷавонон бо ширкати 150 нафар варзишгарон ҷараён гирифтанд.

Санаҳои 25-27 январ дар майдончаи варзишии МТМУ №43 мусобиқаи кушоди Муассисаи давлатии мактаби махсуси футбол (МДММФ) байни наврасон гузаронида шуд, ки дар он 8 даста аз муассисаҳои таълимии рақамҳои 46, 49, 39, 28 ва 43 қувваозмоӣ карданд. Ҷойҳои ифтихориро мутаносибан МТМУ рақамҳои 43, 49 ва ҷойи сеюмро хонандагони синфи 8-и МТМУ №43 ба даст оварданд.

Ғолибон бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.

—Маром аз баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва бад ин васила пешгирии омилҳои номатлуби гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ аст,—гуфт мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Парвиз Салоҳидинов. –Ин албатта, анҷоми кор нест. Чунин иқдомро минбаъд пайваста идома хоҳем дод.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.