Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт”

 487 боздид

Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба футболи хурд,  байни ҷавонони соли таваллудашон 2003-1985, бахшида ба эълон гардидани солҳои “2019-2021 Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои марудӣ”, барои дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт”, гузаронида шуд

Ба иттилои Ҷамшед Насриддинов, мудири бахши кор ҷавонон ва варзиши ноҳия,  мақсад аз баргузории мусобиқа ин ташвиқу тарғиби футболи хурд байни ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуб байни ҷавонон ва оммавӣ гардонидани варзиш дар ноҳия арзёбӣ шуд.

Дар мусобиқа 20 дастаи футболбозони соли таваллудашон аз 2003 то 1985 и байни ҳам бозиҳои дӯстона анҷом доданд. Мусобиқа дар варзишгоҳи хурди футбол дар маркази ноҳия сурат гирифт. Бозӣ аз ду қисмат иборат буда, давомнокии ҳар қисм 30 дақиқагиро ташкил медод.

Дастаи футболбозони соли таваллудашон 1991 ҷойи аввал, футболбозони соли таваллудашон 1994 ҷойи дуввум ва футболбозони соли таваллудашон 1985 ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок намуда, ба ғолибон Ҷом, диплом, медал ва туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.