Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба футболи хурд байни дастаҳои корхонаву ташкилотҳои ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия бахшида ба “1 декабр – Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди бемории ВНМО БПНМ” барои дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт”, имрӯз, 30 ноябр дар маркази ноҳия, шаҳраки Шайдон оғоз гардид.
Тибқи иттилои Ҷамшед Насриддинов, мудири бахши кор ҷавонон ва варзиши ноҳия, мақсад аз баргузории мусобиқа ин ташвиқу тарғиби футболи хурд дар ноҳия, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуб байни ҷавонон ва оммавӣ гардонидани варзиш дар ноҳия арзёбӣ шуд.
Дар мусобиқа 14 дастаи футболбозон аз корхонаву ташкилоҳои ноҳия байни ҳам бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд. Мусобиқа дар варзишгоҳҳои хурди футбол дар маркази ноҳия сурат мегирад.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Зариф Мирдадо, дар ин мусобиқа иштирок намуда, дар ҳайати дастаи МИҲД-и ноҳия бозӣ намуд. Имрӯз дастаи футболбозони Мактаби варзишӣ бо дастаи футболбозони АДСИН, дастаи футболбозони қисми низомии 14356б бо дастаи футболбозони Шуъбаи маориф, дастаи футболбозони МИҲД-и ноҳияи Ашт бо дастаи футболбозони КАТС ва дастаи футболбозони Беморхонаи марказӣ бо дастаи футболбозони Коммисариати ҳарбӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 30 ноябр то 2 декабр дар маркази ноҳия, шаҳраки Шайдон баргузор мегардад. Бозиҳо аз рӯи қоидаҳои ФИФА бо тарзи “олимпӣ” гузаронида мешавад. Бозӣ аз ду қисмат иборат буда, давомнокии ҳар қисм 30 дақиқагиро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки тими ғолиб “Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт” -ро соҳиб хоҳад шуд.