Чӣ хеле иттилоъ дода будем, дар намудҳои мухталифи варзиш гӯштини тарзи озод қадимтарин намуд маҳсуб аст.
Ин намуди гӯштин дар ноҳия маҳбубияти хосаи худро дошта, мухлисону ҳаводорони зиёд дорад ва ноҳияи Аштро бо дастпарварони маъруф ва ғолибони чемпионатҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷа ба хубӣ мешиносанд.
Хурсандиовар аст, ки имрӯз маркази ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон ба макони баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод табдил гашта, варзишгарони беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ ба қувваозмоӣ ҳозир гаштанд.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод қувваозмоии байни наврасони солҳои таваллудашон 2007-2009 ва 2010-2012-ро дарбар гирифта, тибқи талабот ва қоидаҳои пешбининамудаи Федератсияи байналмилалии гӯштин роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин мусобиқа 450 нафар гӯштингирон аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Норак, Ваҳдат, Исфара, Хуҷанд, Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ҷамъ омада буданд, ки аз онҳо 180 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тамоми мардуми ноҳияи Ашт меҳмонон ва иштирокдорони мусобиқаро хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки мусобиқа барои тарғиб ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, ривоҷу равнақ додани намуди гӯштини тарзи озод, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон ва даръёфти чеҳраҳои муваффақ ба узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Аҳамияти ташкил ва баргузории мусобиқаро муҳим ва саривақтӣ дониста, ба варзишгарон дар қувваозмоиҳои ҳарифона барору комъёбӣ ва шарафмандии ҷойҳои баланди ифтихориро орзу намуданд.
Итминони он намуданд, ки тайи рӯзҳои дар меҳмонии мо қарор доштаи мураббиёну гуштингирон, доварону мухлисон таассуроти хуби хотирмон дар дилу дидаашон ҷой гирифта, дӯстиву бародарии байни наврасону ҷавонон мустаҳкамтар хоҳад гашт ва таманнои он карданд, ки бигузор дар рафти мусобиқа дӯстӣ, ҷасурӣ, адолат ва шаффофият ғолиб ояд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ