Мусобиқаи пойга ва бузкашӣ аспдавонҳоро ба ҳам овард

 1 073 боздид

Имрӯз, 20-уми марти соли равон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмиллалӣ мусобиқаи ноҳиявии пойга дар ҷамоати деҳоти Ифтихор баргузор гардид, ки дар он и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад иштирок намуданд.
Нахуст, Зариф Мирдадо дар маросими кушодашавии мусобиқаи пойга баромад намуда, ҳозиринро ба иди Наврӯз табрик кард ва ба иштирокчиёни мусобиқа барору комёбӣ таманно намуд.
Мусобиқаи пойга дар 3 давр ҷараён гирифта, дар даври нахуст, 3 аспдавон аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия ғолиб дониста шуданд. Дар даври ниҳоӣ асп бо номи «Вавилон» масофаи 1 ҳазор метрро дар 2 дақиқа тай намуда, соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ гардид.
Дар идома мусобиқаи бузкашӣ доир гардид, ки дар он 150 аспдавон ва човандозон аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Мусобиқаи мазкур бо ташабусси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва Федератсияи варзиши аспии ноҳия ба муносибати иди Наврӯз гузаронида шуд.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.