Мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод

 510 боздид

 

Тибқи нақша – чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон, ва варзиши вилояти Суғд санаҳои 17 – 18 майи соли равон, дар толори муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни ҷавонони аз 18 сола боло барои дарёфти “Ҷоми Раиси вилояти Суғд” бахшида ба Рузи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 130 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Мастчоҳ иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.
Натиҷаи мусобиқа чунин аст:
Ҷойи якум – дастаи шаҳри Исфара
Ҷойи дуюм – дастаи шаҳри Хуҷанд
Ҷойи сеюм – дастаи шаҳри Конибодом
Бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарони ноҳияи Ашт фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани 1 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм ноил гаштанд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.