Мусобиқаи волейбол дар қисми низомӣ

 159 боздид

Имрӯз дар варзишгоҳи қисми низомии 14356Б- и деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Шодоба, бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017-соли ҷавонон” ва 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ноҳивӣ оид ба “волейбол” байни қисмҳои низомӣ, муассисаҳои таълимии ноҳия, ШВКД-и ноҳия ва мактаби варзишии 1 ва 2 гузаронида шуд.

Тавре ба мо и.в. мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Зариф Боймуротов мақсад аз баргузории  мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба “волейбол”-ро  чунин шарҳ дод: “Ин тарғибу ташвиқи волейбол байни сарбозон ва ҷавонон, таҳкими  дӯстӣ ва ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонону сарбозон ба варзиш, дарёфти бозигарони умедбахш ба дастаи қисмҳои низомӣ” мебошад.

Дар ин мусобиқаи ноҳиявӣ 8 даста байни ҳам рақобат намуда, дар даври ниҳоӣ дастаи волейболбозони ҷамоати деҳоти Ошоба ҷои 1, дастаи Мактаби варзишии №2 ҷои дуввум ва дастаи варзигарони Мактаби варзишии №1 сазовори ҷои севум гардиданд.

Дар охири мусобиқа ғолибон бо ҷом, медал ва сипосномаи бахши кор ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *