Мӯсозода: сиёсӣ кунонидани Ислом бар зарар аст (навор)

 1 280 боздид

Дар шароити имрӯза яке аз проблемаҳои ҷаҳонӣ ин хатарҳои ҳарлаҳзаинаи терроризму экстремизм мебошад, ки ба ҳаёти инсоният таҳдидҳои зиёд дорад. Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароии динӣ ва мазҳабӣ аз омилҳое маҳсуб мешавад, ки барои пешгирӣ намудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз равияҳои тундраву террористӣ ва шинохти дин мусоидат мекунад. Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди равияҳои тундраву террористӣ дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва эътироф мекунанд. Доир ба масъалаҳои экстремистиву террористӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд,  ки “терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро ҷангҳои мусаллаҳонаи бо ном “Давлати исломӣ”,  ки дар қаламрави давлати Сурия ташкил шудааст, ба ташвиш меорад. Ин равияи террористӣ аз номи дини Ислом баромад намуда, ҷони ҳазорон нафарро аз байн бурдааст. Дар ин замина баъзе шаҳрвандони кишвари мо низ аз ноогоҳиву фирефташавӣ ва саводи кофии динӣ надоштан ва ё баракс шомили равияҳои тундраву террористӣ гардидаанд, ки ба номи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон доғ меоранд. Бино ба гузориши расонаҳои хабарии кишвар теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд зиёда аз 1000 нафар арзёбӣ мешаванд.  Дар баробари ин то имрӯз хабари ҳалокати 300 зодаи Тоҷикистон дар он ду кишвари ҷангзадаи арабӣ расидааст. Аксари коршиносон шомилшавии шаҳрвандони кишварро ба равияҳои тундгаро аз муҳоҷирати меҳнатӣ, набудани ҷойи кор ва надоштани саводи кофӣ оид ба дин медонанд. Байни шаҳрвандоне, ки дар марзи Сурияву Ироқ дар ҷангҳои мусаллаҳонаи равияҳои тундгаро ширкат доранд ҷавонон низ ҳастанд, ки ин ба ҷомеае, ки ояндаи он дар дасти ҷавонон аст хатари ҷиддӣ дорад. Дар баробари ин баъзе аз шаҳрвандони кишвари мо зан ва фарзандони хурдсоли худро низ вориди давлатҳои ҷангзада кардаанд, ки тақдири ояндаи онҳо норӯшан мебошад. Абдураҳмон Қодирӣ раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ соли ҷорӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “нисбат ба солҳои қаблӣ пайвастшавии сокинони вилояти Суғд ба равияҳои тундрав хеле коҳиш ёфтааст”.

Доир ба гаравиши ҷавонон ба равияҳои экстремистиву террористӣ  бо сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода мусоҳибае оростем, ки дар вохӯриву чорабиниҳо оид ба ҷилавгирӣ кардани ҷавонон аз равияҳои тундгаро пайваста ширкат мекунад.

-Ҷавонон дар ҷомеа чӣ нақш доранд ва пайвастани баъзеи онҳоро ба равияҳои тундрав чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Дар тамоми дунё ҷавонон қувваи бузург ва ҳалкунанда маҳсуб меёбанд. Аз ин хотир ҳама давлатҳо ба қувваи ҷавонон такя мекунанд. Агар мо ба суханҳои Пешвои миллат назар кунем дар ҳама баромадҳояшон мегӯянд, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи давлат ҳастанд ва ояндаи давлат низ дар дасти ҷавонон аст. Эътибори роҳбари кишвар ба ҷавонон хеле зиёд аст, хусусан соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон кардан ҳам ҳадафи худро дорад, яъне ҷавононро ҳидоят кардан ба роҳи рост ва ба қувваи онҳо такя кардан. Зиёд не, кам бошад ҳам баъзе ҷавонони мо фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳо шуданд. Ба таблиғи душманони миллат ва дину мазҳаб фирифта гардида, вориди марзи Сурия гардиданд, ё ба ҷараёнҳое, ки ихтилофангез аст шомил гаштанд.  Аксари онҳое, ки ба Сурия рафтанд кушта шуданд ва волидони онҳо дар Тоҷикистон доғи фарзанд диданд. Оилаи баъзеи ба равияҳои тундрав шомилгашта бева монданд, ки ин ҳеҷ вақт ба давлат ва дин хизмат кардан нест, балки хиёнат аст. Мардуми мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд аксари онҳо аз дин хабар надоранд. Вақте як ҷавон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераваду 18-20 сол дорад ва намоз намехонад ба тариқае, ки мардуми ҳамон маҳал дар муҳоҷират намоз мехонанд ӯ низ ба ҳамон тариқа намоз мехонад ва фирефта мешавад. Яъне ҷавонон ба баъзе ҷараёнҳои ихтилофангез дониста ба баъзеи дигар надониста дохил мешаванд. Дар ин самт мо бояд корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд кунем.

-Барои пешгирӣ намудани ҷавонон аз равияҳои террористиву экстремистӣ аз нигоҳи дин чӣ кор бояд кард?

-Аз оила сар мешавад. Волидон бояд ҳушёрона фарзандони худро дуруст тарбия кунанд ва огоҳ бошанд, ки онҳо ҳамнишини кистанд. Берун аз кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ бошанд пайваста дар тамос бошанд, ки онҳо чӣ кор карда истодаанд. Ба кадом кор машғул ҳастанд ва ақидаи онҳо аз чӣ иборат аст. Ин амалро дар мактабҳо бояд устодон ба роҳ монанд ва толибилмонро дуруст тарбия кунанд. Дар донишгоҳу донишкадаҳо бояд ҷавононро огоҳ созанд, ки шомили ҳар гуна равияҳо нашаванд. Аз он ҷумла, ходимони дин вазифадор ҳастанд, ки аз номи дини Ислом дар минбари масҷидҳо ҳақиқатро баён кунанд, ки дини Ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад. Дин одоб ва ахлоқ аст. Дар ин самт инъикоси воқеъбинонаи масъалаҳои марбут ба терроризм  дар ВАО низ хеле назаррас ва пурҳадаф мебошад.

-Оё сиёсӣ кунонидани дини Ислом дуруст аст?

-Аз номи дин ҳизб ташкил кардан нодуруст аст, зеро дин ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад. Сиёсӣ кунонидани Ислом бар зарари дин, мазҳаб ва давлати мо аст, аз он ҷумла, ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ. Роҳбари ин ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабирӣ берун аз Тоҷикистон дар кофтукови байналмиллалӣ қарор дорад ва гоҳо даъвоҳои нодуруст ҳам мекунад ва боз мехоҳад, ки мардумро фирефта кунад.  Вақте ки ҲИНТ дар Тоҷикистон пайдо шуд, ҳамаи он нооромиҳо аз дасти ҳамин ҳизб буд. Вақте ҳизби наҳзат фаъолият бурд ҳизби таҳрир, ҷараёни салафия ҷамъияти таблиғ ва дигарҳо дар таҳти қаноти он пайдо шуданд. Бояд мо эҳтиёт бошем, зеро хатари ақидавӣ бисёр хатари бузуг аст.

-Сару садоҳо ҳаст, ки гӯё дари аксар масҷидҳо дар кишвар  баста шуданд. Ин то кадом андоза ба ҳақиқат наздик аст?

-Дар Тоҷикистон то соли 1989 17 масҷид буд, ҳоло бошад дар кишвар ҳудуди 4 ҳазор масҷид фаъолият дорад. Дар вилояти Суғд  950 масҷиди панҷвақта аз ин теъдод 104 масҷиди ҷомеъу марказӣ фаъолият доранд. Дар вилояти Суғд  то соли 1989 3 масҷид буд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” муайян кардааст, ки ҳеҷ як масҷиди расмӣ баста нашудааст.

-Ҷиҳодро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Ҷиҳод ин ҳимоя кардани Ватан аст. Вақте ки душман ба Ватан ҳуҷум мекунад, ҳимояи Ватан ҷиҳод аст, лекин дар як диёри араб рафта ҷанг кардан ҷиҳод нест. Он даъвоҳое, ки аз номи дин мекунанд бар зидди таълимоти динӣ аст. Касе, ки ба Сурия меравад хато мекунад, зеро он ҷо байни ду араб ҷанг аст. Вақте ки дар он кишвари ҷангзада як нафарро мекушад ҷои ӯ ҷаҳаннам, яъне дӯзах мешавад.

-Барои суҳбат ташаккур!

-Саломат бошед!

Мусоҳиб,

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.