Намоиши мазҳакаи “Вопасин арӯсӣ ал-мӯъминӣ”

 1 025 боздид

28 марти соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи мазҳакавӣ аз рӯи асари “Вопасин арӯси ал-мӯъминӣ”-и нависандаи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев  ба намоиш гузошта шуд.

Намоишномаи мазкурро муовини раиси вилояти Суғд Абдуллозода Назира Ғаффорӣ, и.в раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, як қатор адибону нависандагон ва кормандони МИҲД-и ноҳияи Ашт тамошо намуданд.

Коргардон ва таҳиягари намоишнома ҳунарманди Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Баҳодур Миралибеков буда, ёвари коргардон ва рассмоми намоишнома Убайдулло Миродиев ва Фирӯз Шарифӣ мебошанд.

Дар нақшҳои асосии намоишномаи мазҳакавии “Вопасин арӯси ал-мӯъминӣ” Муҳиддин Наврӯзов, Эраҷ Шодиматов, Нисо Бобохонова, Рухшона Раҳимова, Замирҷон Расулов, Акмал Турсунов ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.