Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки роҳбарияти ноҳия ҷаласа оид ба натиҷаи андозҷамъкунӣ дар ҳафтмоҳаи соли 2017 баргузор гардид.
Роҳбарияти ноҳия дар машварат таъкид дошт: “Нақшаи ҳафтмоҳаи воридоти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 18 млн.796 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, 18 млн.994 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷети давлатӣ ворид карда шудааст. Ин нишондод баробари 101,1 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад ва он 198,3 ҳазор сомонӣ барзиёд иҷро гардидааст”.
Дар даври ҳисобӣ аз 10 номгӯи андозу пардохтҳои ҳатмӣ, нақшаи ҳафтмоҳа аз рӯи 4 номгӯй иҷро нашудааст. Тибқи иттилоъи масъулин мақсад аз баргузории машварат натиҷагирӣ аз ҷамъбасти иҷроиши нақшаи ҷамъшудаи андозҳо дар ноҳия арзёбӣ мешавад.