Нақши ҷавонон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм

 466 боздид

Имрӯз, 29 март дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт вохӯрӣ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм” баргузор гардид.

Дар он Исмоил Шерхонов, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, и.в раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, намояндаи ШВКД дар н.Ашт Ҳасанбой Нуриддинов, муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Ашт Ғафурзода Амирхон ва раисони маҳаллаҳо иштирок намуданд.

Нахуст, Зариф Мирдадо ҷавононро ба муносбати эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” таҳният гуфта таъкид намуд: “Терроризму экстремизм ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад ва ҷавонони ноогоҳ дар охир аз ин амалашон пушаймон мегарданд. Ҷавононро зарур аст, ки ҳама имконияти мавҷударо истифода намуда, барои пешрафти Тоҷикистон талош намоянд. Ҷавонон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфта, шомили ҳар гуна равияҳои тундраву террористӣ нагарданд ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя намоянд”.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҷавонони фаъол ва варзишгарон Сипоснома ва тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *